Нимсолаи аввал дар Суғд ҳудуди 295 кило маводи мухаддир мусодира шуд

Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳудуди 295 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181 кило зиёдтар аст. Тавре ба ОИ «Азя-Плюс» сардори бахши таҳлили шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РКД вилоят Насим Олимов хабар дод, аз […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳудуди 295 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181 кило зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азя-Плюс» сардори бахши таҳлили шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РКД вилоят Насим Олимов хабар дод, аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда беш аз 12 килояшро маводи сахттаъсири героин, 891 граммашро – афюн, зиёда аз 268 килояшро – ҳашиш ва беш аз 12 килои боқимондаро – навъҳои дгари маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи далелҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 138 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ ба сурати умум 359 кило маводи мухадирро (соли 2010 – 169 кило) мусодира намуданд, ки 34 килои онро маводи сахттаъсири героин ташкил дод.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.