Gallup International: Ҳамагӣ 34%-и аҳолии Тоҷикистон ба асъори миллӣ эътимод дорад

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳамагӣ 34%-и аҳолии Тоҷикистон хоҳиши нигоҳ доштани пасандозҳои худ бо асъори миллиро дорад, – гуфта мешавад дар гузориши Маркази байнулмилалии пажӯҳиши Гэллапа (Gallup International). Дар гузориш зикр мегардад, ки 51%-и тоҷикистониён ба доллари амрикоӣ, 4% ба Евро ва 1% ба рубли русӣ эътимод доранд. Дар ҳамин ҳол, дар гузориш […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳамагӣ 34%-и аҳолии Тоҷикистон хоҳиши нигоҳ доштани пасандозҳои худ бо асъори миллиро дорад, – гуфта мешавад дар гузориши Маркази байнулмилалии пажӯҳиши Гэллапа (Gallup International).

Дар гузориш зикр мегардад, ки 51%-и тоҷикистониён ба доллари амрикоӣ, 4% ба Евро ва 1% ба рубли русӣ эътимод доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш гуфта мешавад, аксари аҳолии кишварҳои собиқи шӯравӣ дар нигоҳ доштани пасандозҳои худ ба асъори миллӣ бартарӣ медиҳанд. Дар Озарбойҷон 75%, Арманистон – 63% ва Русия – 56%-и аҳолӣ ба асъори миллӣ эътимод доранд.

Миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз ҳама бештар дар Белорус (22%) ба асъори миллӣ эътимод надоранд, ки коршиносон онро ба ахиран ба таври бесобиқа беқурбшавии ин асъор марут медонанд. Дар Гурҷистон низ аҳолӣ ба асъори миллӣ – ларӣ он қадр эътимод надорадв а ҳамагӣ 28%-и аҳолӣ пасандозҳои худро бо асъори миллӣ нигоҳ медоранд.

Зимни таҳқиқот маълум шуд, ки дар ин минтақа асъори пешсаф доллари амрикоӣ аст, ки дар муқоиса бо Евро ба он қариб се баробар зиёдтар аҳолии минтақа эътимод доранд.

Мутобиқи натиҷаҳои назарсанҷиҳо рейтинги хеле пасти рубли русӣ муайян шудааст: ба он танҳо дар Тоҷикистону Белорус ва Қирғизистону Арманистон ва он ҳам ба миқдори 1%-и аҳолӣ эътимод доранд.

Таҳқиқоти мазкур давоми соли 2010 миёни ҳудуди 3 ҳазор нафар пурсидашудагон доир гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.