Суғд: Ҷубронпулии комбинати «Адрасмон» ба оилаи коргари ҳалокшуда

Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Комбинати кӯҳкориву маъдантозакунии «Адрасмон» ба оилаи коргаре, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ҳалок шуд, ҷубронпулӣ пардохт мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари нозироти меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Амин Ҳикматов хабар дод, коргари комбинати мазкур Барот Алиеви 51-сола ҳангоми кор ҷароҳат бардошта, бар асари он ба […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Комбинати кӯҳкориву маъдантозакунии «Адрасмон» ба оилаи коргаре, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ҳалок шуд, ҷубронпулӣ пардохт мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари нозироти меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Амин Ҳикматов хабар дод, коргари комбинати мазкур Барот Алиеви 51-сола ҳангоми кор ҷароҳат бардошта, бар асари он ба ҳалокат расидааст. «Ҳарчанд аз ҷониби коргар риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои кор дар истеҳсолот муқаррар шуда бошад ҳам, мо чунин мешуморем, ки бояд ба оилаи коргар ҷубронпулӣ пурра пардохт гардад, ки миқдори он даҳ музди меҳнати миёнаи солонаро ташкил медиҳад», – гуфт вай.

А.Ҳикматов мегӯяд, соли равон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят 134 корхона мавриди санҷиш қарор гирифта, 670 ҳолати риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ташкили меҳнат ва техникаи бехатарӣ ошкор шудааст. «Барои бартараф сохтани камбудиҳо ба мақомоти раҳбарии корхонаҳо 109 нишондод супурда шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли  Ҳикматов, чунин як ҳодисаи нохуш дар корхонаи саноати сабуки «Ҷавонӣ» (Хуҷанд) низ рух додааст. «Ҳангоми коргаронро ба хона бурдан ронандаи автобус хатсайро иваз намуда, ҳангоми гузаштан аз пули вайрона дар нишебӣ автобус аз ҳаракат бозмонда, сипас ба садамаи хурде дучор мегардад, ки бар асари он се нафар коргарзанони ин корхона ҷароҳат гирифтаанд. «Ба ронандаи автобус огоҳинома дода шуд», – афзуд номбурда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.