Таъсиси пулиси об дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ

Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон бори нахуст дар заминаи Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд пулиси об таъсис меёбад. Хадамоти нав ба иловаи вазифаи наҷоти одамон дар об, ҳамчунин ба мубориза алайҳи қорчоқчиён низ ваколатдор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд хабар […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон бори нахуст дар заминаи Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд пулиси об таъсис меёбад. Хадамоти нав ба иловаи вазифаи наҷоти одамон дар об, ҳамчунин ба мубориза алайҳи қорчоқчиён низ ваколатдор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд хабар доданд, хадамоти нав мутобиқи қарори ҳукумати вилояти Суғд «Дар бораи таъмини бехатарӣ дар дарё ва обанборҳо» таъсис ёфта, бо дастгирии ҳукумати вилоят ситод бо ду адад дучархаи обии «Ямаха»-и истеҳсоли Ҷопон таъмин карда шуд. «Арзиши ҳар кадоме аз ин дучархаҳо 90 ҳазор сомонӣ буда, он барои наҷоти одамони ғарқшаванда ва мубориза алайҳи қочоқчиён ҳангоми тухмигузории моҳӣ ва манъи шикори он истифода хоҳад шуд», – гуфтанд дар ситод.

Ба иттилои манбаъ, барои кор бо дучархаҳои обӣ ду гурӯҳи махсуси афсарон омӯзонида шудаанд. «Шояд ояндаи наздик пас аз омодагии дахлдор пулиси об ба масоили баҳисобгирии воситаҳои шинокунанда ва додани ҳуҷҷат барои идораи қаиқу катерҳо низ машғул шавад», – афзуд сарчашма.

Бино ба маълумоти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, соли равон дар дарёву обанборҳои вилоят 28 нафар ғарқ шуданд. Дар натиҷаи саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони ситод 5 нафар наҷот дода шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.