Пешниҳоди додситони низомӣ бобати даъвати хатмкардагони макотиби олӣ ба хизмати ҳарбӣ

Қӯрғонтеппа. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додситони низомии гарнизони Қӯрғонтеппа Маҳмудалӣ Алимардонов пешниҳод сохт, ки хатмкардагони макотиби олӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи артиш даъват карда шаванд. Зимни нишасти матбуотӣ ташаббускори пешниҳод дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки феълан ба сафи артиш аслан ҷавонони саводашон на он қадр қаноатбахш даъват карда […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додситони низомии гарнизони Қӯрғонтеппа Маҳмудалӣ Алимардонов пешниҳод сохт, ки хатмкардагони макотиби олӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи артиш даъват карда шаванд.

Зимни нишасти матбуотӣ ташаббускори пешниҳод дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки феълан ба сафи артиш аслан ҷавонони саводашон на он қадр қаноатбахш даъват карда мешаванд.

«Сатҳи нокофии дониши ҷавонони даъватшуда ба сифати хизмат ва дар маҷмӯъ ба фаъолияти пурсамари қисмҳои низомӣ таъсири манфӣ мегузорад ва аз ин рӯ, мо пешниҳод менамоем, ки ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувааҳои Мусаллаҳи кишвар хатмкардагони макотиби олӣ низ даъват карда шаванд, зеро тибқи қонун, онҳо дар муддати 11 моҳ бояд хизмати ҳарбиро адо кунанд», – гуфт ӯ.

Ҷаноби Алимардонов ҳодисаҳои аз қисми низомӣ фирор намудани сарбозонро низ ба сатҳи пасти маълумотнокии онҳо нисбат медиҳад. Ӯ гуфт, соли равон аз комиссариатҳои ҳарбӣ 10 нафар даъватшудагон гурехтаанд ва нисбат ба ин амали онҳо додситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. «Агар мо ба хизмат дар сафи артиш афроди  босаводро даъват созем, барои сарбозони ҷавон намунаи ибрат хоҳад буд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.