Роҳи оҳани Тоҷикистон 10 вагони мусофирбар мехарад

Date:

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон КВД «Роҳи оҳанти Тоҷикистон баҳри харидани вагону тепловоз 20 млн. $ маблағ масраф карданист.

Зимни нишасти хабарӣ роҳбари корхона Амонулло Ҳукумов изҳор кард, ки то ахири сол корхона ният дорад, ки ба маблағи 13 млн. $ 10 вагони мусофирбар харад. Ҳамчунин корхона ба маблағи 5 млн. $ тепловоз дастрас карданист.

Ба қавли Ҳукумов, корхона асосан вагонҳои қаблан истифодашударо баъди ах таъмири асосӣ баровардан мехарад. «Харидании вагонҳои нав барои мо гарон меафтад, аз ин рӯ, вагонҳои ҳолаташон хубро пас аз таъмир дастрас намуда, мавриди истифода қарор медиҳем», – иброз дошт роҳбари корхона.

Ҳукумов ҳамчунин гуфт, тайи ду соли ахир корхона ҳудуди 400 вагон дастрас кардааст. Айни замон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дорои 1 ҳазору 922 адад вагони боркаш, 424 адад вагони мусофирбар ва 55 адад тепловоз аст», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...