Соли равон дар рӯдхонаву обанборҳои ҷумҳурӣ 63 нафар ғарқ шуданд

Қӯрғонтеппа. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар рӯдхонаву обанборҳои ҷумҳурӣ 63 нафар ғарқ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, соли равон дар иншооти обии вилояти Хатлон 11 […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар рӯдхонаву обанборҳои ҷумҳурӣ 63 нафар ғарқ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, соли равон дар иншооти обии вилояти Хатлон 11 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди ҲФ ва МГ-и вилояти Хатлон Ҳокимшо Шарифов иттилоъ дод, сабаби аслии ба ҳалокат расидани шаҳрвандон – интихоби ҷойи ноқулай оббозӣ ва беэҳтиётии онҳо аст.

Ба қавли Ҳ.Шарифов, қаблан ситод бо таҷҳизот барои баргузории корҳои ҷустуҷӯйӣ ва наҷотдиҳӣ таъмин набуд. «Чанде қабл Барномаи рушди СММ ба мо ду комплекти таҷҳизоти «Водолаз» тақдим намуд ва акнун имконоти наҷотдихандагони вилоят бештар гардида, ғаввосон тамоми фасли сол метавонанд дар чуқурии зиёд кор кунанд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба афзудани шумори ғарқи одамон дар об, наҷотдиҳандагон бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунанд, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, мувофиқи имкон макони оббозии иҷозатдодашударо интихоб созанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.