Баҳри рушди Хадамоти гидрометереологӣ 13 млн. $ ҷудо мегардад

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бо мақсади пешгирии тағйирёбии иқлим ва бо дастгирии Хазинаи мутобиқат ба иқлим фаъолияти Хадамоти гидрометереологии Тоҷикистон беҳбуд ва такмил дода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Гидрометереология»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маҳмад Сафаров хабар дод, Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари дигар ба барномаи санҷишии Хазина […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бо мақсади пешгирии тағйирёбии иқлим ва бо дастгирии Хазинаи мутобиқат ба иқлим фаъолияти Хадамоти гидрометереологии Тоҷикистон беҳбуд ва такмил дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Гидрометереология»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маҳмад Сафаров хабар дод, Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари дигар ба барномаи санҷишии Хазина дохил шуд, ки дар чаҳорчӯби он ҷудо кардани 50 млн. $ маблағ пешбинӣ шудааст. «Дар Тоҷикистон барнома дар самтҳои гуногун амалӣ гардида, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба фаъолияти низоми гидрометереологӣ 13 млн. $ ҷудо мегардад», – гуфт вай.

Ба қавли М.Сафаров, мутобиқи асноди баимзорасида, амалисозии барномаи мазкур моҳи сентябри соли равон оғоз гардида, муддати 5 сол идома меёбад. Ба татбики барнома Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ хоҳанд кард.

«Мо умедворем, ки бо амалисозии ин барнома низоми гидрометереологии Тоҷикистон дар дақиқии пешгӯйиҳо, ҷамъоварии маълумоти экологӣ ва масъалаи дастрасии аҳолӣ ба маълумот перомуни экология ва гидрометереология ба дастовардҳо ноил хоҳад гардид», – таъкид сохт номбурда.

М.Сафаров ҳамчунин иброз дошт, ки сатҳи дақиқии пешгӯйиҳои кӯтоҳмуддати хадамоти гидрометереологии Тоҷикистон (барои 2-3 рӯз) 90%-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.