Тасвиби якдилонаи қонуни масъулияти волидон дар Маҷлиси миллӣ

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро якдилона ва бидуни баррасӣ ба тасвиб расониданд. Дар суханронии худ роҷеъ ба ин масъала узви палатаи болоии парлумони кишвар, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов изҳор кард, ки «сарусадоҳои атрофи ин қонун […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро якдилона ва бидуни баррасӣ ба тасвиб расониданд.

Дар суханронии худ роҷеъ ба ин масъала узви палатаи болоии парлумони кишвар, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов изҳор кард, ки «сарусадоҳои атрофи ин қонун эҷодкардаи ВАО ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳеҷ асосе надоранд». «Моддаи 14-и ин қонун, ки муносибати насли наврас бо ташкилотҳои диниро танзим мекунад, ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавоноро поймол накарда, баръакс аз онҳо дифоъ менамояд», – гуфт ӯ.

Раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр кард, ки қабули қонуни мазкур гувоҳи он аст, ки «намояндагони парлумони ҷумҳурӣ ба қабули қонунҳое, ки дар таҷрибаи қонунгузории ҷаҳонӣ мавҷуд нестанд, идома медиҳанд». «Ман мӯътақидам, ки ин қонун пеш аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои насли наврас нигаронида шудааст», – таъкид кард М.Убайдуллоев.

Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 14-уми декабри соли 2010 ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Ташаббускори таҳияву коркарди қонуни мазкур президенти Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.