Деҳқонони Суғд меваро арзон фурӯхтанӣ нестанд

Хуҷанд. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Деҳқонони вилояти Суғд ҳосили меваашонро ба корхонаҳои коркарди мева арзон фурӯхтанӣ нестанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори корхонаи «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» Муйдин Холиқов хабар дод, соли равон 13 корхонаи консервбарории вилоят дар бораи харидани беш аз 5,2 ҳазор тонна зардолуву шафтолу бо деҳқонон шартнома ба имзо расонида, […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Деҳқонони вилояти Суғд ҳосили меваашонро ба корхонаҳои коркарди мева арзон фурӯхтанӣ нестанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори корхонаи «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» Муйдин Холиқов хабар дод, соли равон 13 корхонаи консервбарории вилоят дар бораи харидани беш аз 5,2 ҳазор тонна зардолуву шафтолу бо деҳқонон шартнома ба имзо расонида, то имрӯз 1,3 ҳазор тонна мева гирифтаанд. Ҳамчунин ҳаҷми содироти мева аз вилояти Суғд низ коҳиш ёфтааст.

Дар ҳоле ки дар бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд як кило зардолу 2 ва шафтолу 7 сомонӣ аст, корхонаҳои консервбарорӣ барои як килои он аз 60 то 80 дирам маблағ пардохт мекунанд.

Бино ба маълумоти хадамоти гумруки вилоят, дар зарфи панҷ моҳи соли равон аз вилояти Суғд ба маблағи 602 ҳазор $ маҳсулоти консервагӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 943 ҳазор $ камтар аст. Коршиносон сабаби коҳиши содироти маҳсулоти консервагиро ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, паст шудани сатҳи рақобатпазирии маҳсулот ва афзоиши тарифҳои роҳи оҳан марбут медонанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.