Суғд: Ҳалокати як нафар бар асари заминларза

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд бар асари заминларзаи шаби 20-уми июл як нафар ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Исмоил Исмоилов хабар дод, шахси қурбоншуда сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд Абдуллоҷон Аскаров аст. «Ӯба сохтмони манзили зисташ машғул буда, шабона дар […]

Asia-Plus

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд бар асари заминларзаи шаби 20-уми июл як нафар ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Исмоил Исмоилов хабар дод, шахси қурбоншуда сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд Абдуллоҷон Аскаров аст. «Ӯба сохтмони манзили зисташ машғул буда, шабона дар бинои сохтмонаш нотамом мемонад ва ҳангоми заминларза аз ошёнаи дуюми бино худро ба замин меафканад. Дар натиҷа ҷароҳатҳои зиёд бардошта, ба ҳалокат расидааст», – гуфт ӯ.

Исмоилов иброз дошт, ки ҳамчунин бар асари заминларза чор нафар сокини шаҳри Хуҷанд низ осеб дидаанд. «Зимни саросемавор тарк кардани хонаҳои худ дасту пойи чанде аз онҳо шикастааст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки шаби 19 ба 20-уми июли соли равон  дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Заминларза соати 00:35 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Дар маркази заминларза, ки дар 280 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе – дар қаламрави Қирғизистон воқеъ буд, қувваи он аз рӯйи ҷадвали 12 балла 6-7 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 4 балл баробар буд.

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ, дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон бар асари ин заминларза 13 нафар ҳалок ва беш аз 80 тан ҷароҳат бардоштаанд. Дар Қирғизистон шумори ҷароҳатбардоштагон 15 нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.