Таҷлили ҷашни 20-солагии истиқлол дар Пекин

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар бинои Академияи улуми ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронси олимон ва пажӯҳишгарони Чин доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ба иштирокчиёни конфронс перомуни дастовардҳои Тоҷикистон дар замони […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар бинои Академияи улуми ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронси олимон ва пажӯҳишгарони Чин доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ба иштирокчиёни конфронс перомуни дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлол маълумот дода, зикр кард, ки истиқрори сулҳ дар соли 1997 ба мардуми тоҷик барои истифодаи имконоти эҷодӣ ва сохтмони густардаи ҳаёти нав шароит фароҳам овард.

Олимов таъкид кард, ки ҳалли низоъи тоҷикон ва даст ёфтан ба сулҳу субот ба таърихи сулҳофарии СММ ба сифати намунаи нодири ҳалли мухолифат миёни нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ворид шудааст.

Сафир иброз доштааст, ки айни замон вазифаи асосии ҳукумати Тоҷикистон рушди иқтисоди миллӣ буда, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд.

Конфронси мазкур мавриди таваҷҷӯҳи олимон ва пажӯҳишгарони Чин қарор ёфта, дар кори он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Чин, олимони Академияи муносибатҳои муосири байнулмилалӣ, олимону коршиносони марказҳои илмии Русия, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказиву як қатор пажӯҳишгоҳу макотиби олии Чин ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.   

Собиқ сафири Чин дар Тоҷикистон Фу Тсюанчжан дар фарҷоми конфронс изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи марказӣ мавқеъи муҳим дошта, хатти аввали мудофиа аст, ки амнияти минтақаро таъмин месозад. Тоҷикистон таъриху фарҳанги бою ғанӣ дошта, мардуми онро ояндаи хушбахт интизор аст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.