Қатъи истеҳсоли ангиштсанг дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ

Кӯлоб. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар ҳаҷми 8 млн. 667,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 354,9 ҳазор сомонӣ бештар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ хабар доданд, дар ин […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар ҳаҷми 8 млн. 667,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 354,9 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ хабар доданд, дар ин давра 22,1 тонна равғани рустанӣ, 3371 тонна орд ва 64 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол гардид, ки дар ноҳия ба чунин нишондиҳандаҳо бори нахуст ноил шуданд. «Мутаносибан музди миёнаи коргарон низ аз 230 сомонии соли гузашта то 235 сомонӣ боло рафта, он саривақт пардохт шуд», – гуфт сарчашма.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳандаҳо беҳтар мебуданд, агар дар ягона корхонаи истеҳсолоти саноатӣ – КВД «Кони ангишт» истеҳсоли ангиштсанг қатъ намешуд. «Ҳарчанд ширкати хусусии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»-и Кӯлоб ба он ҷо техникаи пуриқтидор оварда бошад ҳам, айни замон ба он таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозад», – изҳор кард манбаъ.

Зикр гардид, ки дар ин корхона камбуди мутахассисон низ ба чашм расида, айни замон дар он ҳамагӣ якчанд нафар машғули кор буда, миёни онҳо қариб ягон мутахассис нест.

Қобили зикр аст, ки захираҳои кашфшудаи ангиштсанг дар «Кони аништ» 88 ҳазор тонна ва захираҳои пешбинишаванда 1 млн. 900 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.