Ба иншооти ҷашнӣ беш аз 212 млн. $ маблағи бюҷет масраф шуд

Date:

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Моҳи сентябри соли равон ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ бояд зиёда аз 1 ҳазору 400 иншоот мавриди истифода қарор гиранд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов.

Ба қавли вазир, аз ин миқдор 854 иншоот аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ бунёд мегарданд. «Соли равон баҳри схтмони иншооти ҷашнӣ аз буҷаи давлатӣ ҳудуди 300 млн. сомонӣ (беш аз 63 млн. $) ва дар маҷмӯъ аз оғози бунёди иншоот беш аз 1 млрд. сомонӣ (212 млн. $) маблағ ҷудо гардид.

Наҷмиддинов шарҳ дод, ки иншооте мавҷуданд, ки сохтмони онҳо муддати се-чор сол идома дорад. «Ғайр аз ин, аз фонди президент барои сохтмони интернат дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ боз 11 млн. сомонӣ ихтисос дода шуд», – таъкид сохт ӯ.

«Инҳо асосан иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, яъне мактабу бемористон ва дармонгоҳҳо мебошанд, – идома дод ӯ. – Гап сари он аст, ки сарвари давлат дар назди мо вазифа гузошт, ки пеш аз ҳама бахши иҷтимоиро дастгирӣ намоем».

Вазири молияи ҷумҳурӣ зикр кард, ки воситаҳо барои сохтмони иншооти ҷашнӣ пешакӣ дар бюҷети давлатӣ пешбинӣ гардида буданд. «Дар бюҷет моддаи маблағгузории асосӣ мавҷуд аст, ки ин маблағҳо дар он қарор доштанд», – афзуд С.Наҷмиддинов.

МЕДИА (Youtube Embed)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...