Намояндаи ҲХДТ: Омӯзиши забони русӣ пеш аз ҳама барои муҳоҷирон муфид аст

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар робита ба масъалаи изҳороти пешвои ҳизби сиёсии «Справедливая Россия» Александ Агеев перомуни аз ҷониби тамоми муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ҳатман донистани забон ва таърихи Русия, роҳбари шӯъбаи таблиғот ва кор бо ВАО-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳов чунин ибрози андеша намуд, ки он ба андозае асоснок ва мантиқан […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар робита ба масъалаи изҳороти пешвои ҳизби сиёсии «Справедливая Россия» Александ Агеев перомуни аз ҷониби тамоми муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ҳатман донистани забон ва таърихи Русия, роҳбари шӯъбаи таблиғот ва кор бо ВАО-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳов чунин ибрози андеша намуд, ки он ба андозае асоснок ва мантиқан дуруст аст.

Ба қавли Солеҳов, пешниҳоди Агеев пеш аз ҳама ба мутобиқшавии ҳарчи зудтари муҳоҷирони корӣ ба воқеъияти Русия нигаронида шудааст.

«Ғайр аз ин, бе надонистани забон, муҳоҷирон дар ҳифзи ҳуқуқ ва донистани ӯҳдадориҳои худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ мегарданд», – гуфт вай.

Солеҳов фаъолияти курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русиро, ки ахиран дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтанд, муассир намешуморад. «Ман аз ин шубҳа дорам, ки агар шахс дар муддати даҳ соли омӯзиш дар мактаб забони русиро омӯхта натавониста бошад, пас ба гумон аст, ки дар муддати 1-2 моҳ ба он ноил гардад», – изҳор кард ӯ.

Намояндаи ҲХДТ мӯътақид аст, ки агар пешниҳоди пешвои ҳизби «Справедливая Россия» мавриди дастгири ҳукуматдорони рус қарор гирад, ба ҷараёни омӯзиши забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирони кории хоҳиши дар Русия фаъолиятдошта такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.