Рӯзноманигорони Суғд ба бинои нави Кохи матбуот мекӯчанд

Date:

Хуҷанд. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Идораҳои васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони вилояти Суғд ба бинои нави Кохи матбуот мекӯчанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Кохи матбуоти вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён хабар дод, сохтмони маҷмаа соли 2007 шурӯъ шуда, айни замон корҳои асосӣ дар он ба итмом расидаанд. «Ин бинои 13-ошёна ва яке аз биноҳои баландтарини шаҳри Хуҷанд буда, баландии он 54 метр ва дорои 200 ҳуҷраи корӣ аст», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, дар қисмати таҳхонаи бино ошхона ва се толори конфронс ва дар ошёнаи охирини он боғи зимистона ва майдони азназаргузаронӣ бо дастгоҳҳои оптикӣ ҷойгир хоҳад шуд. «Ҳуҷраҳои корӣ бо тарзи аврупоӣ сохта шуда бо кондитсионерҳои «зимистон-тобистон» муҷаҳҳаз гардидаанд», – иброз дошт  И. Ҷамолиён.

Илҳоми Ҷамолиён ҳамчунин гуфт, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мебели зарурӣ ва интернети беноқил таъмин гардида, чор лифт омодаи кор мешаванд. «Арзиши бино бо тамоми таҷҳизоташ 23 млн. сомонӣ маблағ аз ҳисоби бюҷетро ташкил дода, дар он васоити ахбори умуми давлатӣ ва намояндагони нашриёти хусусиву байнулмилалӣ низ фаъолият карда метавонанд», – изҳор кард ӯ.

Номбурда илова кард, ки дар ин бино ширкатҳои телевизионӣ ҷойгир шуда наметавонанд, зеро барои онҳо шароити махсус зарур аст, вале хабарнигорони шабакаҳои телевизионии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ метавонанд  дар ин ҷо дафтари корӣ ба иҷора гиранд. «Моҳи сентябр ё пештар аз он рӯзноманигорон ба ин ҷо мекӯчанд», – афзуд И.Ҷамолиён.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...