Семинари ИА оид ба ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ

Date:

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои 26-27-уми июли соли 2011 Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гузаронидани Семинари барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнат эълон медорад. 

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, семинар дар чаҳорчӯбаи Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Тоҷикистон оиди ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад. Он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, ки дар сарзамини Тоҷикистон фаъолият мебаранд, бо мақсади муҳокимаи масоили мавҷуди муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳам гирд меорад.

Ба ин чорабинӣ инчунин коршиносони сатҳи байналхалқӣ оиди масоили муҳоҷират, намояндагони ташкилоти байналхалқии хориҷи кишвар ва ташкилоти ғайридавлатӣ низ даъват шудаанд. Дар назар аст, ки аз рӯи натоиҷи семинар тавсияҳое такмил дода мешаванд, ки минбаъд аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Тоҷикистон оиди ҳуқуқи инсон воситаи сиёсати берунаи ИА буда, қисмати муҳими Дурнамои “ИА ва Осиёи Миёна: Дурнамои шарики нав”-ро ташкил медиҳад, ки ба рағбати ҳурмати ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, рушти устувории демократия ва сабот дар Тоҷикистон равона шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...