Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафар кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат зимни сафари якрӯзаи худ ба ин […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат зимни сафари якрӯзаи худ ба ин ноҳияҳо дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти ба муносибати таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ бунёдёфта ширкат хоҳад варзид.

«Ҳамчунин иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи фаъолони ноҳияҳои мазкур дар назар аст», – гуфт манбаъ.

Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни вохӯриҳои президенти кишвар бо намояндагони бахшҳои гуногуни кишоварзиву иқтисод ба масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ ва баргузории кишти такрорӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.