Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо Комиссари олии САҲА оид ба аққалиятҳои миллӣ

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Комиссари олии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба аққалиятҳои миллӣ, сафир Кнут Воллебек, Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳукумат ва мардуми Норвегия дар робита ба ҳодисаҳои фоҷеабор изҳори ҳамдардӣ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Комиссари олии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба аққалиятҳои миллӣ, сафир Кнут Воллебек, Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳукумат ва мардуми Норвегия дар робита ба ҳодисаҳои фоҷеабор изҳори ҳамдардӣ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот сафир Воллебек бо мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон бобати масоили марбут ба ваколати ӯ ва вазъи ҷамоатҳои этникӣ дар бахшҳои маориф, забон, сиёсат ва ғайра шинос шуд.

«Ҷонибҳо атрофии маҷмӯи васеъи масоили муҳими рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, аҳамияти мулоқоти мазкур барои густариши муносиботи Тоҷикистону САҲА-ро таъкид сохтанд», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.