Вазири нақлиёт: Қазияи «Ист Эйр» мавриди таҳқиқ қарор дорад

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов дар робита ба қазияи ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» изҳор кард, ки баҳри рӯшан сохтани вазъ атрофи ин ҳодиса дар вазорат комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот бо риояи қатъии муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бахши ҳавопаймоӣ ва созишномаҳои байнулмилалии […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов дар робита ба қазияи ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» изҳор кард, ки баҳри рӯшан сохтани вазъ атрофи ин ҳодиса дар вазорат комиссияи махсус таъсис дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот бо риояи қатъии муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бахши ҳавопаймоӣ ва созишномаҳои байнулмилалии баимзорасида сурат мегирад.

«Дар ин қазия қонуншикании зиёде мавҷуд аст, ки мебояд онҳоро баррасӣ кард», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки натиҷаҳои таҳқиқот каме дертар расман пешкаши ҳамагон хоҳанд шуд.

Ҳакимов қайд кард, ки Вазорати нақлиёт ба масъалаи рӯзи 16-уми июл таъин кардани роҳбари нави ширкати «Ист Эйр» ҳеҷ муносибате надорад. «Ист Эйр» ширкати хусусии саҳҳомӣ аст ва масъалаи мазкур ба салоҳияти саҳҳомон дохил мешавад, – изҳор кард вазир. – Танҳо онҳо дар ин хусус вазоратро бояд саривақт огоҳ мекарданд, ки ҳамин тавр ҳам шуд».

Дар робита ба масъалаи рабудани ҳавопамоҳои ширкати «Ист Эйр» аз ҷониби собиқ роҳбарони он вазири нақлиёт гуфт, «ин қонуншиканӣ дар қонунгузории бахши ҳавопаймоии ҷумҳурӣ аст». «Мо тамоми ҳолатҳои ин қазияро рӯшан сохта, сипас чораҳои дахлдор хоҳем андешид», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҳайати мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Мансаби иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСП «Ист Эйр» Владимир Куимовро Фирдавс Мухторов ишғол намуд. Ин таъиноти нав боиси норозигии роҳбари пешин гардид.

Ба гуфтаи В. Куимов, ки бинобар вазъи нохуби саломатиаш муддати чанде дар хориҷи кишвар қарор дошт, мақомоти раҳбарии фурудгоҳи Душанбе ба дафтари кории ширкати «Ист Эйр» бидуни огаҳии директори генералии он ворид гардида, ӯро аз мансаб сабукдӯш ва Фирдавс Мухторовро раҳбари ширкат таъин кардааст. «Ин ғасби рейдерӣ аст. Айни замон мо ба ширкат адвокатҳои худро фиристодем, то ки аз ҳуқуқҳоямон дифоъ кунанд», – изҳор карда буд ба ОИ «Азия-Плюс» Куимов.

Дар навбати худ, раҳбари тозатаъини ширкат Фирдавс Мухторов мегӯяд, ин ҷо ҳеҷ ғасби рейдерӣ ҷой надошта, мутобиқи моддаи 54-и Кодекси ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо шаҳрванди Тоҷикистон роҳбари ширкати ҳавопаймоӣ буда метавонад. «Владимир Куимов шаҳрванди Тоҷикистон нест ва дар муддати се сол ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи директори ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» ифои вазифа мекард. Иштирокчие, ки молики 51 дарсади саҳмияи ширкат аст, тасмим гирифт, ки маро директори ширкат таъин намояд», – гуфт Ф.Мухторов.

Ба қавли Мухторов, дарвоқеъ он замон Владимир Куимов ҳузур надошт ва расман ваколатҳои иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкатро ба Станислав Янчук супурда буд, ки дар ҳузури ӯ маросими таъини директори нави ширкат доир гардид. «Он ҷо ҳамчунин ноиби президенти ширкат – молики ҳавопаймоҳои «Исток Авиа FZE» Пётр Иванник низ ҳузур дошт», – изҳор карда буд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба қазияи мазкур моликони ҳавопаймоҳо парвози ҳавопаймо бо хатсайрҳои самти Кӯлоб-Маскав ва Кӯлоб-Санкт-Петербургро боздоштанд. Парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсаййрҳоро ширкати «Ист-Эйр» анҷом медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии «Ист-Эйр» моҳи сентябри соли 2007 ба фаъолият шурӯъ карда, парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Ню-Делиро анҷом медиҳад. Барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо ширкати «Ист Эйр» дар асоси лизинг ҳавопаймоҳои ширкати «Исток Авиа FZE»-ро истифода мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.