Гуфтушунидҳо бо Русия бобати бекор сохтани боҷи гумрукӣ идома доранд

Date:

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки миёни вазоратҳои дахлдори Тоҷикистону Русия гуфтушунидҳо бобати бекор сохтани боҷи гумрукӣ ба содироти маҳсулоти нафтии Русия идома доранд.

«Албатта, гуфтушунидҳо муддати тӯлонӣ ва аллакай ду сол боз идома доранд, вале онҳо ҳеҷ гоҳ қатъ нашуда буданд, зеро ҷонибҳо баҳри ҳимояи мафиатҳои миллии иқтисодии худ талош меварзанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ҳамралиев, танҳо бо гуфтушунид наметавон ин масъаларо ҳал кард. «Қабл аз бекор сохтани боҷи гумрукӣ, ҳукумати Русияро зарур аст, ки ин амалро асоснок намояд ва парлумонро ба қабули ин санад мӯътақид созад», – зикр кард вай.

Вазир таъкид кард, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо Русия ҳеҷ шарте нагузоштааст. «Онҳо танҳо манфиатҳои миллии иқтисодии худро ҳимоя мекунанд, зеро дар сурати бекор сохтани боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон, бюҷети Русия метавонад маблағи муайянеро аз даст диҳад», – изҳор кард Ҳамралиев.

Ф. Ҳамралиев ҳамчунин қайд кард, ки маҳсулоти нафтии Русия ба ҷуз Белорусу Қазоқистон, ки дар як фазоии умумии гумрукӣ бо Русия қарор доранд, дигар ба ҳамаи кишварҳо тибқи боҷҳои содиротии гумрукӣ фиристода мешавад.

«Мо дар бораи чӣ гуна ба Қирғизистон муяссар шудани розӣ кунонидани Русия ба бекор сохтани боҷи содиротӣ маълумоти дақиқ надорем. Тибқи баъе маълумот, пас аз ба мувофиқа расидани ҷонибҳо бобати амалисозии муштараки як қатор лоиҳаҳои энергетикӣ, бекор сохтани боҷи содиротӣ имконпазир гардидааст», – афзуд вазир.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...