Бахши ҷавонони ҲХДТ пешвои худро интихоб кард

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе конфронси таъсисотии созмони умумиҷумҳуриявии ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» дар назди Ҳизби халқии  демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари шӯъбаи таблиғот ва кор бо ВАО-и ҲХДТ Усмон Солеҳов хабар дод, конфронс таҳти раёсати муовини раиси ҳизб Асрор Латифов доир гардид. «Вакилони конфронс аз […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе конфронси таъсисотии созмони умумиҷумҳуриявии ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» дар назди Ҳизби халқии  демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари шӯъбаи таблиғот ва кор бо ВАО-и ҲХДТ Усмон Солеҳов хабар дод, конфронс таҳти раёсати муовини раиси ҳизб Асрор Латифов доир гардид.

«Вакилони конфронс аз тамоми манотиқи кишвар Адҳам Мирсаидовро, ки қаблан ба ҳайси мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи марказии ҳизб ифои вазифа менамуд, якдилона раиси созмони умумиҷумҳуриявии ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» интихоб карданд», – зикр намуд Солеҳов.

Ба қавли ӯ, ҳадафи аслии таъсиси созмони иҷумҳуриявии ҷавонон – тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва содиқ будан ба афкори худшиносии милливу истиқлолияти кишвар аст.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, сарвари онро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад. Айни замон беш аз 140 ҳазор нафар узви ин ҳизб мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.