Кӯлоб: Афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар арафаи моҳи Рамазон

Кӯлоб. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоб дар остонаи оғози моҳи Рамазон қимати халтаи орд ба миқдори 3 сомонӣ (135 сомонӣ) ва нон ба андозаи 25% (аз 2 то 2,5 сомонӣ) боло рафт. Сарфи назар аз даъватҳои ҳукуматдорон бобати дар арафаи моҳи Рамазон боло набурдани қимати маводи ғизоӣ, фурӯшандагон ба таври маъмулӣ қимати […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоб дар остонаи оғози моҳи Рамазон қимати халтаи орд ба миқдори 3 сомонӣ (135 сомонӣ) ва нон ба андозаи 25% (аз 2 то 2,5 сомонӣ) боло рафт.

Сарфи назар аз даъватҳои ҳукуматдорон бобати дар арафаи моҳи Рамазон боло набурдани қимати маводи ғизоӣ, фурӯшандагон ба таври маъмулӣ қимати маводи ғизоиро аз 3 то 12% зиёд карданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти иттифоқи «Тоҷикматлубот» хариду фурӯши маводи ғизоӣ бо нархи аз бозор арзонтар ва ифтитоҳи нуқтаҳои фурӯш барои истеҳсолкунандагони деҳаҳои наздики шаҳрро таъмин накарда, аз иҷрои ӯҳдадориҳои худ набаромад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар чанде аз кӯчаҳо фурӯши сабзавоту мева ба роҳ монда шуда бошад ҳам, вале ин мушкилотро ҳал насохтааст, зеро мардум барои харид асосан ба бозор мераванд ва дар он ҷо то ҳанӯз миёнаравон ҳукмронанд. «Имрӯз бо иштироки намояндагони шӯъбаи «Тоҷикматулубот»-и шаҳру вилоят масъалаи фаъолияти ин сохтор баррасӣ мешавад ва шояд бо исрори маъмурияти шаҳр мақомоти раҳбарии сохтори мазкур иваз карда шавад», – гуфт Ҳ. Абдуллоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.