Гуфтушунидҳо бо Русия бобати бекор сохтани боҷи гумрукӣ идома доранд

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки миёни вазоратҳои дахлдори Тоҷикистону Русия гуфтушунидҳо бобати бекор сохтани боҷи гумрукӣ ба содироти маҳсулоти нафтии Русия идома доранд. «Албатта, гуфтушунидҳо муддати тӯлонӣ ва аллакай ду сол боз идома доранд, вале онҳо ҳеҷ гоҳ қатъ нашуда […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки миёни вазоратҳои дахлдори Тоҷикистону Русия гуфтушунидҳо бобати бекор сохтани боҷи гумрукӣ ба содироти маҳсулоти нафтии Русия идома доранд.

«Албатта, гуфтушунидҳо муддати тӯлонӣ ва аллакай ду сол боз идома доранд, вале онҳо ҳеҷ гоҳ қатъ нашуда буданд, зеро ҷонибҳо баҳри ҳимояи мафиатҳои миллии иқтисодии худ талош меварзанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ҳамралиев, танҳо бо гуфтушунид наметавон ин масъаларо ҳал кард. «Қабл аз бекор сохтани боҷи гумрукӣ, ҳукумати Русияро зарур аст, ки ин амалро асоснок намояд ва парлумонро ба қабули ин санад мӯътақид созад», – зикр кард вай.

Вазир таъкид кард, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо Русия ҳеҷ шарте нагузоштааст. «Онҳо танҳо манфиатҳои миллии иқтисодии худро ҳимоя мекунанд, зеро дар сурати бекор сохтани боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон, бюҷети Русия метавонад маблағи муайянеро аз даст диҳад», – изҳор кард Ҳамралиев.

Ф. Ҳамралиев ҳамчунин қайд кард, ки маҳсулоти нафтии Русия ба ҷуз Белорусу Қазоқистон, ки дар як фазоии умумии гумрукӣ бо Русия қарор доранд, дигар ба ҳамаи кишварҳо тибқи боҷҳои содиротии гумрукӣ фиристода мешавад.

«Мо дар бораи чӣ гуна ба Қирғизистон муяссар шудани розӣ кунонидани Русия ба бекор сохтани боҷи содиротӣ маълумоти дақиқ надорем. Тибқи баъе маълумот, пас аз ба мувофиқа расидани ҷонибҳо бобати амалисозии муштараки як қатор лоиҳаҳои энергетикӣ, бекор сохтани боҷи содиротӣ имконпазир гардидааст», – афзуд вазир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.