Tcell: Бадшавии муваққатии сифати алоқа ба корҳои таҷдиди шабака марбут аст

Date:

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бадшавии муваққатии сифати алоқаи ширкати мобилии Tcell  ба корҳои таҷдиди шабака марбут аст, – хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур.

«Айни замон корҳои таҷдиди шабака идома доранд, – гуфт манбаъ. – Дар робита ба баргузории корҳои техникӣ, бад шудани сифати алоқа ва қатъи кӯтоҳмуддати он имкон дорад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба суръати иҷрои ин корҳо вусъат бахшем, то сифати алоқаро дар ҳаҷми пурра барқарор созем».

Дар ширкат бо такя ба сирри тиҷоратӣ аз пешниҳоди ҷузъиёти дигар дар ин хусус худдорӣ карданд.

Зимнан зикр гардид, ки агар муштариён бобати бад шудани сифати алоқа шикояти мушаххас дошта бошанд, метавонанд беовсита ба ширкат муроҷиат намоянд, то ки мутахассисони техникӣ саривақт мушкилоти мавҷударо ҳал созанд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...