Tcell: Бадшавии муваққатии сифати алоқа ба корҳои таҷдиди шабака марбут аст

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бадшавии муваққатии сифати алоқаи ширкати мобилии Tcell  ба корҳои таҷдиди шабака марбут аст, – хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур. «Айни замон корҳои таҷдиди шабака идома доранд, – гуфт манбаъ. – Дар робита ба баргузории корҳои техникӣ, бад шудани сифати алоқа ва қатъи кӯтоҳмуддати он имкон дорад. […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бадшавии муваққатии сифати алоқаи ширкати мобилии Tcell  ба корҳои таҷдиди шабака марбут аст, – хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур.

«Айни замон корҳои таҷдиди шабака идома доранд, – гуфт манбаъ. – Дар робита ба баргузории корҳои техникӣ, бад шудани сифати алоқа ва қатъи кӯтоҳмуддати он имкон дорад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба суръати иҷрои ин корҳо вусъат бахшем, то сифати алоқаро дар ҳаҷми пурра барқарор созем».

Дар ширкат бо такя ба сирри тиҷоратӣ аз пешниҳоди ҷузъиёти дигар дар ин хусус худдорӣ карданд.

Зимнан зикр гардид, ки агар муштариён бобати бад шудани сифати алоқа шикояти мушаххас дошта бошанд, метавонанд беовсита ба ширкат муроҷиат намоянд, то ки мутахассисони техникӣ саривақт мушкилоти мавҷударо ҳал созанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.