Коҳиши истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ба андозаи 16,7%

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон ба андозаи 16,7% коҳиш ёфтааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар моҳҳои январ-июни соли равон дар КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» 150 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон ба андозаи 16,7% коҳиш ёфтааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар моҳҳои январ-июни соли равон дар КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» 150 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба миқдори 30 ҳазор тонна камтар аст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра ширкат 173 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба маблағи 440 млн. $ содирот кардааст.

«Ҳаҷми содироти алюминий нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2% коҳиш ёфта бошад ҳам, дар ифодаи қимати пулӣ он 16% боло рафт, зеро арзиши ин маҳсулот муддати соли равон то ба 400 $ барои як тонна афзуд», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки то ахири соли равон ширкат  истеҳсоли 390 ҳазор тонна алюминийро ба нақша гирифтааст. Соли гузашта дар ширкат 349 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол гардида буд.

Алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳиссаи ин металл дар ҳаҷми умумуи маҳсулоти содиротии кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна 70%-ро ташкил медиҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.