Корхонаи «Заря Востока» шаҳри Табошарро бо нон таъмин мекунад

Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | КВД «Заря Востока»  барои таъмини шаҳри Табошар бо нон истеҳсоли нон ва маҳсулоти нониро ба роҳ монданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти корхонаи мазкур хабар доданд, айни замон корҳои омодагӣ дар коргоҳ идома дошта, таъминкунандаи таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулот ҷустуҷӯ мешавад. Маҳсулоти нонӣ дар оташдонҳои барқӣ ва танӯрҳо […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | КВД «Заря Востока»  барои таъмини шаҳри Табошар бо нон истеҳсоли нон ва маҳсулоти нониро ба роҳ монданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти корхонаи мазкур хабар доданд, айни замон корҳои омодагӣ дар коргоҳ идома дошта, таъминкунандаи таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулот ҷустуҷӯ мешавад.

Маҳсулоти нонӣ дар оташдонҳои барқӣ ва танӯрҳо пухта мешаванд. Иқтидори истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки аҳолии маҳаллӣ пурра бо нон таъмин карда шаванд. Айни замон ба Табошар, ки 14 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, нон аз шаҳри Хуҷанд оварда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, феълан дар корхона истеҳсоли маснӯъоти резиниву техникӣ, мизҳои мактабӣ ва мебели тиббӣ аз ашёи гуногун идома дорад.

КВД «Заря Востока» моҳи январи соли 1968 ҳамчун филиали комбинати кимиёвии Алексинск таъсис дода шуд.

Бино ба маълумоти маъмурияти шаҳр, айни замон дар шаҳри Табошар ду корхонаи саноатӣ – КВД «Заря Востока» ва ҶСК «Табошармрамор» фаъолият доранд. Ин корхонаҳо 300 нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин мекунанд. Маблағи ҳаҷми умумии маҳсулоти ду корхонаи саноатӣ дар нимсолаи аввали соли равон 2,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 23% зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.