Намоишгоҳи аксу нигораҳои Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар сардафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи акс ва нигораҳо, ки «Тоҷикистон – кишвари обу кӯҳсорон» унвон дошт, бо тантана баргузор гардид.  Намоишгоҳ, ки муддати як ҳафта идома хоҳад ёфт, аз расмҳои аксбардори аккоси тоҷик Нозим Қаландаров ва нақшҳои […]

Asia-Plus

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар сардафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи акс ва нигораҳо, ки «Тоҷикистон – кишвари обу кӯҳсорон» унвон дошт, бо тантана баргузор гардид.

 Намоишгоҳ, ки муддати як ҳафта идома хоҳад ёфт, аз расмҳои аксбардори аккоси тоҷик Нозим Қаландаров ва нақшҳои рассоми шинохтаи тоҷик Леонид Хушвахтов иборат аст. Дар нигораҳо, манзараҳои зебои табиати кишвар инъикос ёфтаанд.

 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва муовини Дабири Кулли СММ Виҷай Намбияр бо суханони табрикӣ баромад намуда, меҳмонони намоишгоҳро хайрамаҳқдам гуфтанд.

 Дар маросими ифтитоҳи кушодашавӣ дипломатҳо, кормандони СММ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамчунин тоҷикистониёне, ки айни замон дар ШМА зиндагонӣ мекунанд ширкат варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.