Хатлон: Гумонбарии шаҳрванди Туркия ба қочоқ

Date:

Қӯрғонтеппа. 30-юми июл. «Азия-Плюс» — | Мақомоти додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ нисбат ба шаҳрванди Туркияро ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши шӯъбаи тафтишоти додситонии вилояти Хатлон Баҳром Шомиров хабар дод, шаҳрванди Туркия Солеҳ Ӯзбек мутобиқи моддаи 289, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қочоқ) айбдор карда мешавад.

Бино ба гуфтаи муфаттиш, рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён кормандони гумрук зимни азназаргузаронии бағочи ин шаҳрванди ашёву чизҳоеро пайдо месозанд, ки арзиши таърихиву фарҳангӣ доранд ва дар эъломия зикр наёфтаанд. Аз ҷумла миёни ин чизҳо 96 нусхаи матоъҳо бо гулдузии миллӣ ва якчанд ҷуфт ороишоти занона мавҷуд будаанд.

«Шаҳрванди Туркия тавассути қочоқ нияти онҳоро ба хориҷи кишвар бурданӣ дошт. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, бидуни иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг ба хориҷи кишвар интиқол додани онҳо манъ аст. Зимни тафтишоти пешакӣ айби гумонбаршуда пурра исботи худро ёфт. Парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ба додгоҳи ноҳияи Қумсангир фиристода шуд», – изҳор кард муфаттиш.

Ҳимоягари айбдоршаванда Шаниф Ҳаётов дар навбати худ зикр намуд, ки зерҳимояи ӯ ин ашёи таърихиро на ба хотири фурӯш, балки чун тӯҳфа барои хешу ақрабояш харидааст. «Мутаассифона, ӯ намедонист, ки барои интиқоли онҳо ба хориҷи кишвар иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг зарур аст. То анҷоми мурофиаи додгоҳӣ ман аз шарҳи ҷузъиёти дигар дар ин хусус худдорӣ мекунам», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...