Хуҷанд: Баррасии мушкилоти дастрасии ҷабридагони шиканҷа ба адолати судӣ

Хуҷанд. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар кишвар ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ҳамчунин воридсозии моддаи ҷудогона ба Кодекси ҷиноӣ оид ба масъулияти ҷиноӣ доштан зимни истифодаи хушунат нисбат ба занон зарурат пеш омадааст. Дар мизи гирд таҳти унвони «Дастрасии ҷабрдидаи шиканҷа ба адолати судӣ», ки рӯзи 28-уми июли […]

Тилав Расулзода

Хуҷанд. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар кишвар ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ҳамчунин воридсозии моддаи ҷудогона ба Кодекси ҷиноӣ оид ба масъулияти ҷиноӣ доштан зимни истифодаи хушунат нисбат ба занон зарурат пеш омадааст.

Дар мизи гирд таҳти унвони «Дастрасии ҷабрдидаи шиканҷа ба адолати судӣ», ки рӯзи 28-уми июли соли равон бо ташаббуси филиали созмони ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон»-и шаҳри Хуҷанд дар маркази маъмурии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ баргузор шуд, ин мушкилот ва масоили дигар баррасӣ шуданд.

«Ҳадаф аз баргузории мизи гирд баррасии пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, таҳияву коркарди тавсияҳо оид ба беҳбуди вазъ ва фароҳам сохтани шароит барои дастрасии ҷабрдидагон ба адолати судӣ аст, – гуфт адвокати маркази мазкур Татяна Хатюхина. – Зеро то ҳанӯз дар қонунгузории кишвар мухолифатҳое мавҷуданд, ки дастрасии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ба адолати судиро мушкил месозанд».

«Аллакай муддати 8 сол аст, ки лоиҳаи қонуни таҳияшудаи «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар парлумон қарор дорад, – зикр намуд адвокати Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Назар Назаров. – Вақти он расидааст, ки намояндагони парлумон ба баррасиву қабули он шурӯъ кунанд. Таҳқиқоту таҳлили доиршуда гувоҳи он аст, ки мушкилоти зӯроварии хонаводагӣ хусусияти тамоилӣ дошта, танҳо қонуни ҷудогона пайдоиши шаклҳои гуногуни зӯроварии хонаводагӣ дар ҷомеаро пешгирӣ месозад. Гузашта аз ин, дар Кодекси ҷиноии ҶТ моддаи ҷудогонае нест, ки мафҳуми «зӯроварии хонаводагӣ-ро мушаххас созад ва ҷавобгарии ҷиноятиро ба ин гуна рафтор пешбинӣ намояд».

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Парвина Наврузова, пас аз қабули лоиҳаи қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» шояд дар истифодаи он дар таҷриба монеъаҳо ба вуҷуд оянд, зеро механизми дақиқи ҳифзи пурсамари ҳуқуқи занон мавҷуд нест.  

Дар ҷараёни кори мизи гирд натиҷаҳои таҳқиқоти доиргардида дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ ва ислоҳоти судӣ» дар вилояти Суғд муаррифӣ шуданд, ки аз ҷониби кормандони Марказ оид ба ҳуқуқи инсон сурат гирифтааст. Таҳқиқот ба таҳлили қонунгузории миллӣ, таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ дар самти ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ, баргузории назарсанҷӣ миёни аҳолӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ғайра нигаронида шуда буд.

Дар кори мизи гирд намояндагони мақомоти суду прокуратура, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, президиуми Ҳайати мушовараи адвокатҳо, Марказҳои бӯҳронӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, ВАО ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар ҷамъбасти кори чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиёни он як қатор тавсияҳо таҳия гардид. Аз ҷумла, қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», воридсозии моддаи ҷудогона ба Кодекси ҷиноӣ оид ба зӯроварии хонаводагӣ, тасдиқи Протоколи Факултативӣ ба Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои поймолкунии ҳуқуқи занон, ворид сохтани моддаи ҷудогона ба Кодекси ҷиноӣ оид ба беамалӣ ва саривақт баррасӣ накардани муроҷиати ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳим арзёбӣ шуданд.  

Дар ҳамин ҳол, ёвари прокурори шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Аҳмедов зарурати ҷорисозии омор оид ба муроҷиати ҷабридагони зӯроварии хонаводагӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба дӯши мақомоти прокуратура гузоштани назорат аз болои онро таъкид сохт. Ба ақидаи ӯ, ин иқдом имкон фароҳам меовард, ки миқёси ҳодисаҳои зӯроварии хонаводагӣ ва воситаҳои минбаъдаи мубориза бо он муайян карда шавад, вале ба қонунгузорӣ ворид сохтани моддаи ҷудогона дар бораи хушунати хонаводагӣ зарур аст.

Ҳамчунин иштирокчиёни мизи гирд пешниҳод карданд, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо нозирони минтақавӣ барои пешгирии ҳодисаҳои зӯроварии хонаводагӣ корҳои фаҳмондадиҳиву маърифатӣ доир созанд. Инчунин муҳим будани инъикоси доимии мушкилот, сабабҳои пайдоиши ҳодисаҳои зӯроварии хонаводагӣ ва роҳҳои ҳалли он ва ҳамчунин таъсиси судҳои махсус барои ҳифзи бештар пурсамари ҳуқуқҳои ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ таъкид гардид.

«Мо умедворем, ки ҳангоми қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» ва ҳамчунин воридсозии моддаи дахлдори алоҳида ба КҶ ҶТ ин тавсияҳои мо мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шуда, ба эътибор гирифта мешаванд», – гуфт Татяна Хатюхина.

Мизи гирд бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба Ҳамкорӣ ва Хелветас дар Тоҷикистон созмон дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.