Кӯмаки ИА ба ноҳияҳои аз сел осебдидаи Тоҷикистон

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Комиссияи Аврупо ба зиёда аз 200 оилаи осебдида аз сел, ки тобистони соли равон дар вилояти Суғд рух дода буд, дар ҳаҷми 175 ҳазор сомонӣ (25 ҳазор Евро) кӯмак расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Комиссияи Аврупо барои 213 оилаи осебдида (1 […]

Asia-Plus

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Комиссияи Аврупо ба зиёда аз 200 оилаи осебдида аз сел, ки тобистони соли равон дар вилояти Суғд рух дода буд, дар ҳаҷми 175 ҳазор сомонӣ (25 ҳазор Евро) кӯмак расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Комиссияи Аврупо барои 213 оилаи осебдида (1 ҳазору 278 нафар) 175 ҳазор сомонӣ маблағи кӯмак ҷудо кардааст. Шаби 11 ба 12-уми ибни соли ҷорӣ дар вилояти Суғд шамоли сахт ва боришоти зиёд боиси омадани сел гардида буд.

Аз ҳама бештар 12 деҳаи ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ ва Панҷакент хисорот бардошта, дар онҳо зербинои деҳот – роҳу пул, беморхона, мактабҳо, низоми обтаъминкунӣ, каналҳои обёрӣ ва хатҳои интиқоли барқ хароб шуданд. Ҳамчунин ба заминҳои кишт низ зарар расонида шуд.

Комиссияи Аврупо воситаҳо барои кӯмакро тавассути Фонди Вокуниши Фаврӣ (DREF) ба Федератсияи Байнулмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон фиристод, ки онҳо дар навбати худ ин воситаҳоро ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон доданд.

Воситаҳои пулӣ барои таъмини осебдидагон бо маводи мавриди ниёзи аввалия, аз ҷумла кӯрпаву асбоби рӯзгор ва лавозимоти шустушӯйӣ масраф гардиданд. Оилаҳои бесарпаноҳмонда бо хаймаҳо таъмин карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.