Хатлон: Гумонбарии шаҳрванди Туркия ба қочоқ

Қӯрғонтеппа. 30-юми июл. «Азия-Плюс» — | Мақомоти додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ нисбат ба шаҳрванди Туркияро ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши шӯъбаи тафтишоти додситонии вилояти Хатлон Баҳром Шомиров хабар дод, шаҳрванди Туркия Солеҳ Ӯзбек мутобиқи моддаи 289, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қочоқ) айбдор карда мешавад. Бино ба […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 30-юми июл. «Азия-Плюс» — | Мақомоти додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ нисбат ба шаҳрванди Туркияро ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши шӯъбаи тафтишоти додситонии вилояти Хатлон Баҳром Шомиров хабар дод, шаҳрванди Туркия Солеҳ Ӯзбек мутобиқи моддаи 289, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қочоқ) айбдор карда мешавад.

Бино ба гуфтаи муфаттиш, рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён кормандони гумрук зимни азназаргузаронии бағочи ин шаҳрванди ашёву чизҳоеро пайдо месозанд, ки арзиши таърихиву фарҳангӣ доранд ва дар эъломия зикр наёфтаанд. Аз ҷумла миёни ин чизҳо 96 нусхаи матоъҳо бо гулдузии миллӣ ва якчанд ҷуфт ороишоти занона мавҷуд будаанд.

«Шаҳрванди Туркия тавассути қочоқ нияти онҳоро ба хориҷи кишвар бурданӣ дошт. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, бидуни иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг ба хориҷи кишвар интиқол додани онҳо манъ аст. Зимни тафтишоти пешакӣ айби гумонбаршуда пурра исботи худро ёфт. Парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ба додгоҳи ноҳияи Қумсангир фиристода шуд», – изҳор кард муфаттиш.

Ҳимоягари айбдоршаванда Шаниф Ҳаётов дар навбати худ зикр намуд, ки зерҳимояи ӯ ин ашёи таърихиро на ба хотири фурӯш, балки чун тӯҳфа барои хешу ақрабояш харидааст. «Мутаассифона, ӯ намедонист, ки барои интиқоли онҳо ба хориҷи кишвар иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг зарур аст. То анҷоми мурофиаи додгоҳӣ ман аз шарҳи ҷузъиёти дигар дар ин хусус худдорӣ мекунам», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.