Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Ваҳдат як модари ҷавон ба гумони даст доштан дар фурӯши духтарчаи навзоди худ боздошт шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, кормандони шӯъбаи милисаи шаҳр дар ҷараёни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ сокини 24-солаи шаҳри Ваҳдат А.Н.-24 соларо ҳангоми гирифтани гаравпулӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ барои фурӯши тифли ҳанӯз якҳафтаинаи худ боздошт мекунанд.
«Модари ҷавон тифли навзодашро ба маблағи 100 доллари ИМА фурӯхтанӣ будааст», – гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ.


