Ҳ. Умаров: Вазирони тоҷик аллакай узви чандин шӯроянду коре намекунанд

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки ба ҳайати Шӯрои тозатъсиси амнияти ғизоии назди ҳукумати кишвар на роҳбарони вазорату идораҳо, балки бояд мутахассисони варзидаву салоҳиятдор шомил бошанд. «Роҳбарони вазорату идораҳо узви чандин шӯроянду коре намекунанд. Ба ҳайати Шӯро мутахассисони варзида, олимони бахши кишоварзӣ ва саноати […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки ба ҳайати Шӯрои тозатъсиси амнияти ғизоии назди ҳукумати кишвар на роҳбарони вазорату идораҳо, балки бояд мутахассисони варзидаву салоҳиятдор шомил бошанд.

«Роҳбарони вазорату идораҳо узви чандин шӯроянду коре намекунанд. Ба ҳайати Шӯро мутахассисони варзида, олимони бахши кишоварзӣ ва саноати коркард бояд аъзо шаванд, зеро онҳо дар бораи захираҳои соҳа ва сатҳи истифодаи он огаҳии хуб доранд. Вақти он расидааст, ки аз чунин корбурд даст кашем, чунки он борҳо номуваффақона анҷом пазируфт», – мегӯяд ӯ.

Дар маҷмӯъ Ҳ.Умаров таъсиси Шӯрои амнияти ғизоиро ҷонибдорӣ намуда, таъкид менамояд, ки шӯроро мебояд дарҳол ба фаъолият шурӯъ кунад. «Дар бахши кишоварзӣ метавон зироатҳои иловагиро кишт кард ва то тирамоҳ ҳосиле ба даст овард. Ҳарчанд аз зироати ғалладонагӣ аллакай ҳосил гирифтан душвор бошад ҳам, нисбат ба сабзавот то ҳанӯз тадбире метавон андешид», – иброз дошт олим.

Олим ба Шӯро тавсия медиҳад, ки ҳарчи зудтар таҳлили баҳисобгирии талаботи солонаи аҳолӣ ва ҳамчунин захоири айни замон дар ихтиёрдоштаро доир созанд. «Муассирии кори Шӯро ба сатҳи саводнокӣ, фаъолияти пурсамар ва мизони касбии аъзои он вобаста хоҳад буд», – афзуд ӯ.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бо қарори ҳукумат Шӯрои амнияти ғизоии назди ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд, ки сарварии онро нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ба ӯҳда хоҳад дошт. Ба ҳайати Шӯрои мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор шомил мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.