Депутат: Таъсиси Шӯрои амнияти ғизоӣ ба рушди бахши кишоварзӣ такон хоҳад бахшид

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Ҳама гуна иқдомоти ҳукумат дар замони таҳдиди камбуди ғизо ба саросари ҷаҳон амали нек буда, қобили дастгирист, – мегӯяд вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков. Дар робита ба қарори таъсиси Шӯрои амнияти ғизоӣ дар назди ҳукумати кишвар, ки сарвариашро нахуствазир ба ӯҳда хоҳад […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Ҳама гуна иқдомоти ҳукумат дар замони таҳдиди камбуди ғизо ба саросари ҷаҳон амали нек буда, қобили дастгирист, – мегӯяд вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков.

Дар робита ба қарори таъсиси Шӯрои амнияти ғизоӣ дар назди ҳукумати кишвар, ки сарвариашро нахуствазир ба ӯҳда хоҳад дошту ба ҳайати он роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор шомил мегарданд, И. Талбаков дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози назар намуд, ки Шӯро баҳри таъмини амнияти ғизоии ҷумҳурӣ бояд амалу нақшаҳои ҳама сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусиро таъмин созад ва аз ин рӯ, онро бояд бо ваколатҳои дахлдор таъмин кард.

«Ғайр аз ин, Шӯро бояд ба рушди саноати кимиёвӣ, энергетика, хоҷагии об ва имконоти илмии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир созад, зеро бидуни назардошти ин, таъмини рушди бахши кишоварзӣ ғайриимкон аст», – зикр кард вай.

Намояндаи Ҳизби коммунист бар ин назар аст, ки айни замон мебояд баҳри миқёсан бузург сохтани хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҳо андешид, зеро имрӯз аксари онҳо дар шароити рақобати шадиди бозорӣ имкони харидани техникаву нуриҳои минералӣ ва гирифтани қарзи молиявии ҳаҷман бузургро надоранд.

И. Талбаков мӯътақид аст, ки агар ҳукумат такондиҳандаи суръати ислоҳот дар бахши кишоварзӣ гардад, Тоҷикистон аз ӯҳдаи таъмини 25 млн. нафар бо ғизо баромада метавонад.

«Феълан як гурӯҳи намояндагони мардумӣ рӯйи таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи кооператсияҳои қарзӣ»  машғули коранд, ки ба таҳкими имконоти истифодаи қарз аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳангоми харидани техникаву нуриҳои минералӣ равона гардидааст ва ман умедворам, ки Шӯрои таъсисёфта дар таҳия ва амалисозии ин лоиҳа фаъолона ширкат хоҳад варзид», – афзуд И. Талбаков.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.