Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада оид ба истеҳсоли аккумулятор

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада оид ба истеҳсоли аккумулятор ҶДММ «ТОК» мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин корхона барои тамғаҳои гуногуни мошинҳои сабукрав ва боркаш истеҳсоли панҷ навъи аккумуляторҳо (СА-60, […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада оид ба истеҳсоли аккумулятор ҶДММ «ТОК» мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин корхона барои тамғаҳои гуногуни мошинҳои сабукрав ва боркаш истеҳсоли панҷ навъи аккумуляторҳо (СА-60, СА-75, СА-120, СА-140 ва СА-190) ба роҳ монда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, корхона дар заминаи ЧДММ «Интер фер» бо харҷи 400 ҳазор доллари ИМА бунёд гардидааст, ки нисфи маблағ ба шаҳрванди Канда ва нисфи дигараш ба соҳибкори тоҷик тааллуқ дорад.

«Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ширкати украинии «ЛИК» ба маблағи 280 ҳазор $ аз Канадаву Украина таҷҳизот оварда, насб карда шуд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки нахуст иқтидори корхонаи нав ба истеҳсоли 15 ҳазор адад аккумулятор дар як сол баробар буда, минбаъд то ба 45 ҳазор расонидани он пешбинӣ мегардад.

Дар Вазорати энергетика ҳамчунин гуфтанд, дар ин корхона беш аз 30 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.