Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов нобаҳангом аз олам даргузашт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи боэътимод аз ҳукумати ҷумиттилоъ дод, Асадулло Ғуломови 57-сола, ки тавассути чархбол ба майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии «Сангтӯда-2» сафар дошт, бо нишгонаи бемории сактаи қалб ба беморхоани ҳукуматӣ оварда шуда, дар онҷо ба ҳуш наомад ва ба ҳалокат расид.
Асадулло Ғуломов 28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №13-и трести “Кӯлобселстрой” оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии №27, сардори Идораи сохтмонии № 17, сардори трести “Тоҷикхимстрой”-и ноҳияи Ёвон кор кардааст.
Солҳои 1995-2001 муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии “Тоҷиксохтмон” ва солҳои 2000-2003 ба сифати раиси ноҳияи Cинои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Соли 2003-2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ҷаноби Ғуломов иҷрои барномаҳои энергетикӣ, сохтмон ва алоқаро назорат мекард.


