Афзоиши мунтазами нархҳо дар моҳи Рамазон

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Мониторинги нархҳо ба маводи ғизоӣ, ки ОИ «Азия-Плюс» дар бозорҳои пойтахт доир сохт, нишон дод, ки бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон арзиши онҳо ба ҳисоби миёна аз 10 то 50% боло рафтааст. Беш аз ҳама арзиши маҳсулоти кишоварзӣ боло рафт. Ҳамин тариқ, нархи сабзиву бодиринг аз 1,5 сомонӣ мутаносибан […]

Шамсиддин Ризоев

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Мониторинги нархҳо ба маводи ғизоӣ, ки ОИ «Азия-Плюс» дар бозорҳои пойтахт доир сохт, нишон дод, ки бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон арзиши онҳо ба ҳисоби миёна аз 10 то 50% боло рафтааст.

Беш аз ҳама арзиши маҳсулоти кишоварзӣ боло рафт. Ҳамин тариқ, нархи сабзиву бодиринг аз 1,5 сомонӣ мутаносибан то 3-4 ва 2,5 сомонӣ зиёд шуданд.

Моҳи июл бо сабабҳои номаълум арзиши помидор якбора аз 2,5 то 3-4 сомонӣ боло рафта, алҳол бетағйир боқӣ мемонад.

Арзиши маводи асосии ғизоӣ низ боло рафта, айни замон қимати як литр равғани рустанӣ 11-12 сомонӣ ва шакар – 7,5 сомониро ташкил медиҳад. Нархи як кило биринҷ аз 5 то 10 сомонӣ ва қимати як халта орд аз 125 то 140 сомонӣ аст.

Сарфи назар аз даъвати ҳукумати кишвар, тоҷирон ҳарчанд дар варақаи нархномаашон арзиши як кило гӯшти говро 23 сомонӣ барои як кило навишта бошанд ҳам, онро бо нархи 26-28 сомонӣ барои як кило мефурӯшанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.