Эмомалӣ Раҳмон қонуни масъулияти падару модарро ба имзо расонид

Душанбе. 3-юми авгуси. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмоамлӣ Раҳмон рӯзи 2-юми августи соли равон Қонуни ҶТ «Дар бора масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»,-ро ба имзо расонид, ки ҳадафи он таҳкими масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон  дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарварӣ нисбат ба арзишҳои умумиинсониву фарҳангӣ ва дифоъ аз ҳуқуқу манфиати  кӯдакон […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 3-юми авгуси. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмоамлӣ Раҳмон рӯзи 2-юми августи соли равон Қонуни ҶТ «Дар бора масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»,-ро ба имзо расонид, ки ҳадафи он таҳкими масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон  дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарварӣ нисбат ба арзишҳои умумиинсониву фарҳангӣ ва дифоъ аз ҳуқуқу манфиати  кӯдакон аст.

Тавре ба Ои «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, президенти Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро, ки қаблан маъқул ва қабул шуда буданд, низ ба имзо расонид.

Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» миёни нерӯҳои сиёсӣ ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Масалан Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки қонуни мазкур ба бандҳои зиёди Контститутсияи кишвар, меъёрҳои байнулмилалии қонунгузории аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мухолифат дошта, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрандонро поймол мекунад. Нигаронии шадиди Ҳзби наҳзати исломии Тоҷикстон аз ин қонун дар он ифода меёбад, ки мутобиқи қонуни мазкур, ба масҷид ва муассисаҳои динӣ рафтани ҷавонони то сини 18-соларо манъ месозад.

Ба ақидаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, қонуни мазкур аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ бидуни риояи техникаи таҳияи лоиҳаи қонун омода гардидааст. «Лоиҳаи қонуни мазкур на танҳо такрори меъёрҳои Конститутсияи кишвар, Кодекси оилаи ҶТ аст, балки чанде аз ин меъёрҳоро риоя намекунад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, риси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов аз қабули ин қонун пуштибонӣ менамояд, зеро ба ақидаи ӯ, дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯз то рӯз фишори рӯҳониён ба насли наврас ба мушоҳида мерасад.

«Ҳатто дар кишварҳои исломӣ толибилм барои намоз дарсро гузошта ба масҷид намеравад. Дар ҷомеаи мо бошад, ҳаттто толилбилмони макотиби таҳсилоти умумӣ дарсро партофта, ба масҷид шитоб мекунанд. Ба ин ҳодисаҳо вокуниши  ҳатмии давлт зарур аст», – гуфт Ш.Шабдолов.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.