Иқдоми наҷиби ширкати «Сомон Эйр» дар моҳи шарифи Рамазон

Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар моҳи шарифи Рамазон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қимати чиптаҳои парвоз ба хатсайри ҳавоии Душанбе-Хуҷанд ва Хуҷанд-Душнберо ба андозаи 20% коҳиш медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, дар давраи аз 5-уми август то 10-уми сентябри соли равон қимати чипта ба ин хатсайр аз 65 […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар моҳи шарифи Рамазон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қимати чиптаҳои парвоз ба хатсайри ҳавоии Душанбе-Хуҷанд ва Хуҷанд-Душнберо ба андозаи 20% коҳиш медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, дар давраи аз 5-уми август то 10-уми сентябри соли равон қимати чипта ба ин хатсайр аз 65 доллари ИМА то ба 52 доллари ИМА поин рафт.

Парвозҳо дар ин хатсайр бо ҳавопаймои барои мусофирон бароҳати «Боинг-737» анҷом дода мешаванд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии мазкур, ба наздикӣ ширкати «Сомон Эйр» хатсайри ҳавоии нав ба самти шаҳри Бишкекро ифтитоҳ месозад, ки нархи роҳкирои он 110 Евроро ташкил хоҳад дод.

Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.