Тӯраҷонзода: Меъёрҳои қонуни масъулияти волидайн ихтиёрӣ риоя нахоҳанд шуд

Date:

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутаассифам, ки сарвари давлат Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»-ро ба имзо расонид ва гузашта аз ин, президент ин қонунро дар моҳи шарифи Рамазон ба тасвиб расонид, ки боиси таассуфи аз ин ҳам бештар аст, зеро дар ин моҳ аксари ҷавонон ба масҷид мераванд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳеҷ гоҳ умед надошт, ки сарвари давлат имзои ин қонунро мавқуф мегузорад ва таъкид сохт, ки «чанде аз шаҳрвандони соддалавҳ умедвор буданд, ки президент ба қонун имзо намегузорад».

Дар робита ба масъалаи риояи меъёрҳои қонун аз ҷониби аҳолӣ, Тӯраҷонзода чунин ибрози андеша намуд, ки он ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби мардум риоя нахоҳад шуд.

«Як муддати муайян тавассути кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва таблиғ тариқи ВАО ба ҳукуматдорон муяссар мегардад, ки барои риояи меъёрҳои қонуни мазкур шароит фароҳам оваранд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид сохт, ки ҳатто чунин як абарқудрате чун Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист бо ёрии зӯровариву террор, асноди қонунгузорӣ ва таблиғоти густарда исломро дар қалби миллионҳо мусулмонон нобуд созад.

«Ман мӯътақидам, ки бо гузашти чанд муддате ҳамон қисмати қонунро, ки ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18-соларо манъ месозад, ҳама, аз ҷумла худи ҳукуматдорон ҳам фаромӯш месозанд, зеро он на танҳо ба қонунҳои Худо, балки ба фарҳангу маънавиёти мусулмонони Тоҷикистон мухолифат дорад», – афзуд Тӯраҷонзода.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....