Тӯраҷонзода: Меъёрҳои қонуни масъулияти волидайн ихтиёрӣ риоя нахоҳанд шуд

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутаассифам, ки сарвари давлат Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»-ро ба имзо расонид ва гузашта аз ин, президент ин қонунро дар моҳи шарифи Рамазон ба тасвиб расонид, ки боиси таассуфи аз ин ҳам бештар аст, зеро дар ин моҳ аксари ҷавонон ба масҷид мераванд, – […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутаассифам, ки сарвари давлат Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»-ро ба имзо расонид ва гузашта аз ин, президент ин қонунро дар моҳи шарифи Рамазон ба тасвиб расонид, ки боиси таассуфи аз ин ҳам бештар аст, зеро дар ин моҳ аксари ҷавонон ба масҷид мераванд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳеҷ гоҳ умед надошт, ки сарвари давлат имзои ин қонунро мавқуф мегузорад ва таъкид сохт, ки «чанде аз шаҳрвандони соддалавҳ умедвор буданд, ки президент ба қонун имзо намегузорад».

Дар робита ба масъалаи риояи меъёрҳои қонун аз ҷониби аҳолӣ, Тӯраҷонзода чунин ибрози андеша намуд, ки он ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби мардум риоя нахоҳад шуд.

«Як муддати муайян тавассути кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва таблиғ тариқи ВАО ба ҳукуматдорон муяссар мегардад, ки барои риояи меъёрҳои қонуни мазкур шароит фароҳам оваранд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид сохт, ки ҳатто чунин як абарқудрате чун Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист бо ёрии зӯровариву террор, асноди қонунгузорӣ ва таблиғоти густарда исломро дар қалби миллионҳо мусулмонон нобуд созад.

«Ман мӯътақидам, ки бо гузашти чанд муддате ҳамон қисмати қонунро, ки ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18-соларо манъ месозад, ҳама, аз ҷумла худи ҳукуматдорон ҳам фаромӯш месозанд, зеро он на танҳо ба қонунҳои Худо, балки ба фарҳангу маънавиёти мусулмонони Тоҷикистон мухолифат дорад», – афзуд Тӯраҷонзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.