Озмуни беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхонаи пойтахт

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд расидан ба ҳадафҳои рақобатпазиргардонии меъёрҳои байналмилалии маданияти хизматрасонӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев то 20-уми августи соли 2011 озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» байни соҳибкорон гузаронида мешавад ва на дертар аз 25-уми […]

Asia-Plus

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд расидан ба ҳадафҳои рақобатпазиргардонии меъёрҳои байналмилалии маданияти хизматрасонӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев то 20-уми августи соли 2011 озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» байни соҳибкорон гузаронида мешавад ва на дертар аз 25-уми августи соли 2011 натиҷаи ҷамъбасти он пешниҳоди аҳли ҷомеа мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, тибқи қарори шаҳрдорӣ Комиссияи озмуни таъсис дода шуда, ҳамзамон комиссияи мазкур корҳои вобаста ба эълон, ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунро дар ҳамкорӣ ва истифода аз имкониятҳои воситаҳои ахбори оммаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба роҳ мемонад ва ҷиҳати даъвати довталабон ва ҷолибнокии озмун чораҳои заруриро амалӣ месозад.

«Пардохти хароҷоти ташкили баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин дарёфти мукофотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ғолибон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ҷалби маблағҳои сарпарастон сурат мегирад. Ғолибони озмун аз рӯи ҷамъбасти ҳар як намуди фаъолият бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе дар соҳаи хизматрасонии намунавӣ сарфароз гардонида, оид ба дастовардҳояшон дар васоити ахбори электронию чопии шаҳр маълумоти зарурӣ ба табъ расонида мешавад» – гуфт Шавкат Саидов.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.