Ҳафтаи ахир нархи маводи ғизойӣ ба ҳисоби миёна 5-10% боло рафт

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон болоравии нархи маводи ғизойӣ ба мушоҳида мерасад. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, тайи ҳафтаи ахир нархи маҳсулоти ғизойӣ ба андозаи 5-10% боло рафтааст. Дар вазорат сабаби инро ба афзоиши боҷи содиротии Русия ба маводи сӯзишворӣ, афзоиши қурби сомонӣ ба доллари ИМА ва ҷой […]

Заррина Эргашева

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон болоравии нархи маводи ғизойӣ ба мушоҳида мерасад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, тайи ҳафтаи ахир нархи маҳсулоти ғизойӣ ба андозаи 5-10% боло рафтааст. Дар вазорат сабаби инро ба афзоиши боҷи содиротии Русия ба маводи сӯзишворӣ, афзоиши қурби сомонӣ ба доллари ИМА ва ҷой доштани тақаллубкорӣ дар бозорҳои Тоҷикистон марбут медонанд.

Дар Вазорати мазкур мегӯянд, агар нисбати дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо чораҳои маҷбурӣ андешида шавад, он ба афзоиши шадиди нарх ва камбуди маҳсулот боис мегардад.

«Албатта, ҳангоме ки бозор худро танзим карда наметавонад, давлатро мебояд ба он мудохила намуд, вале на тариқи дар як сатҳ нигоҳ доштан нарх, балки бо роҳи ба бозор ворид кардани маҳслот ва ба гунаи мисол, ташкили ярмаркаҳои фурӯш, вале ин натиҷаи муваққатист», – гуфтанд дар вазорат.

Дар Вазорати мазкур бар ин назаранд, ки дар бахши иқтисои Тоҷикистон мебояд ислоҳоти густарда гузаронид ва низоми андозу қарзро танзим мебояд кард. «Ҳангоме ки соҳибкор миқдори зиёди андоз пардохт мекунад, ба ҳалли мушкили болоравии нархҳо  муваффақ наметавон шуд. Имрӯз соҳибкор беш аз 80%-и даромади худро ба мақомоти андоз медиҳад ва мутаносибан таваҷҷӯҳи таъсиси корхонаи нав ё тиҷорати дигар батамом аз байн меравад», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи мониторинги доирнамудаи кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, аз моҳи июли соли гузашта то ба имрӯз арзиши гӯшт ба андозаи 30%, равғани рустанӣ – 56%, шакар – 59%, чой – 60% ва бензин – 45% афзудааст. Дар ин давра нархи орди истеҳсоли ватанӣ ба миқдори 36% ва орди истеҳсоли Қазоқистон ба андозаи 30% зиёд шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.