Боздошти омӯзгори навбатии Донишгоҳи Хуҷанд барои ришваситонӣ

Хуҷанд. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ омӯзгори навбатии мактаби олӣ барои ришваситонӣ боздошт гардид. Тавре ба ОИ»Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, унвонҷӯйи кафедраи «Иқтисоди корхонаҳо»-и факултаи технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи иқтсиод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Г.А. барои мусоидат ба […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ омӯзгори навбатии мактаби олӣ барои ришваситонӣ боздошт гардид.

Тавре ба ОИ»Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, унвонҷӯйи кафедраи «Иқтисоди корхонаҳо»-и факултаи технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи иқтсиод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Г.А. барои мусоидат ба қабули довталаб ба донишгоҳ аз ӯ дар хаҷми 800 $ пора гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, бо истифода аз мансаб омӯзгор барои дохил шудани довталаб Ч.Х. ба факултаи «Кори бонкӣ» аз волидани ӯ ришва талаьб карда, зимни гирифтани он дастгир шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатиии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 30 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли 2010 – 20 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Муовини сардори агентии мазкур Қутбиддин Сафаров ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала чунин изҳори назар кард: «Парвандаҳои ҷиноӣ мутобиқи моддаи 319 (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) танҳо нисбат ба шахсони мансабдор – ректорон, деканҳо ва муовини деканҳои макотиб олӣ боз мегарданд».  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.