Тоҷикистон дар тамринҳои низомӣ дар Қазоқистон иштирок намекунад

Душанбе. 4-уми авнуст. «Азия-Плюс» — | Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки дар тамринҳои низомии ҳамасола таҳти унвони «Уқоби биёбон» дар Қазоқистон, ки шурӯъ аз соли 2003 доир мегарданд, иштирок накунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, аввали соли равон вазорат сафарбар намудани гурӯҳи фаврӣ ҷиҳати иштирок […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 4-уми авнуст. «Азия-Плюс» — | Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки дар тамринҳои низомии ҳамасола таҳти унвони «Уқоби биёбон» дар Қазоқистон, ки шурӯъ аз соли 2003 доир мегарданд, иштирок накунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, аввали соли равон вазорат сафарбар намудани гурӯҳи фаврӣ ҷиҳати иштирок дар ин тамринҳоро ба нақша гирифта буд, ки дар он сарбозону афсарони тоҷик дар ҳамроҳӣ бо намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон, ИМА, Британии Кабир, Қирғизистон ва Литва баргузории амалиётхои ҷангӣ дар шароити гуногунро амалӣ месохтанд ва дар ин бора созмондиҳандагони тамрин низ огоҳ карда шуда буданд.

«Вале бинобар сафарбарсозии сарбозону афсарони артиши миллӣ барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил кардани ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли миллӣ, вазорат наметавонад гурӯҳи фавриро ба Қазоқистон фиристад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид сохт, ки соли оянда сарбозону афсарони тоҷик ҳатман дар ин тамрин ширкат хоҳанд варзид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.