Гумонбарии собиқ раиси Кумитаи замини Панҷакент ба қонуншиканӣ

Хуҷанд. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Собиқ раиси Кумитаи замини шаҳри Панҷакент А. Отабеков ба ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба беш аз 100 нафар сокинони шаҳр гумонбар дониста мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, дар давраи солҳои 2005-2007 зимни дар мансаби […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Собиқ раиси Кумитаи замини шаҳри Панҷакент А. Отабеков ба ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба беш аз 100 нафар сокинони шаҳр гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, дар давраи солҳои 2005-2007 зимни дар мансаби раиси Кумитаи замини шаҳр қарор доштан ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси КВД «Кӯҳсор» Ч.С. тавассути таҳияи асноди қалбакӣ ба 103 нафар сокинони шаҳри Панҷакент аз заминҳои кишти мавзеи «Обшорон» қитъаи замин ҷудо кардааст.

Хисороти умумӣ аз амали собиқ раиси Кумитаи замини шаҳри Панҷакент дар ҳаҷми 358 ҳазору 859 сомонӣ арзёбӣ мегардад.

Аз рӯйи ин далел дар шӯъбаи тафтишоти раёсати агентии мазкур мутобиқи моддаҳои 261 (Бақайдгирии аҳди ғайри-қонунӣ бо замин),  316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.