Ҳузури сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии донишгоҳ дар Хуҷанд

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз боздиди кории Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.  Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат хабар доданд, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд нахуст бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, тўҳфаи […]

Asia-Plus

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз боздиди кории Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

 Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат хабар доданд, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд нахуст бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, тўҳфаи арзанда дар арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номида шуд.

 Тавре зикр гардид, бинои мазкур барои 3000 нафар толибилмон пешбинӣ шуда, дар он факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, бизнесу идораи инноватсионӣ ва молия ва қарз ҷойгир шудаанд.

 Бинои мазкур бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 2 толор, 98 синфхона, аз ҷумла 7 синфхонаи компютерӣ, лингофонӣ, синфхонаҳои махсус ва лабораторияҳои фаннӣ мебошад.

 Дар назди донишгоҳ Шўрои ҳимояи рисолаҳои илмии номзадӣ ва марказу маҳфилҳои гуногуни илмию таълимӣ фаъолият мекунанд.

 Зимни суханронӣ дар назди омўзгорону донишҷўён ва меҳмонони сершумори донишгоҳ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати баланди корҳои сохтмону таҷҳиз ва муҳайёсозии шароити таълимӣ дар ин боргоҳи илму маърифат  изҳори хушнудӣ намуда, ҳамзамон дастур дод, ки дар зарфи се соли ояндаи биноҳои иловагии таълимӣ, толори калони маҷлисӣ, толори варзишӣ, майдони варзишӣ, ошхона ва иншооти дигари асосию ёрирасон бунёд карда шаванд. 

Дар маркази шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кохи боҳашамати 13 ошёнаи матбуотро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар он минбаъд идораҳои рўзномаю маҷалла ва дигар воситаҳои ахбори умум ҷойгир хоҳанд шуд.

 Ин бинои зебою замонавӣ, ки бо харҷи зиёда аз  20 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 200 утоқи муҷаҳҳази корӣ, 3 толори маҷлисӣ бо 25, 75 ва 200 ҷойи нишаст, 100 компютери бо интернети баландсуръат пайвастшуда ва дигар шароити зарурии муосир мебошад, ба шаҳри Хуҷанд ҳусну намои тоза зам намудааст.

 Бинои нави Кохи матбуот барои 380 нафар кормандони воситаҳои ахбори умум пешбинӣ шудааст.

 Кохи бошукўҳи матбуот, ҳамчунин як типографияи  хурд дорад. Роҳбарияти  муассиса нақшаи буда, чихозонидани типографияи навпр низ дар назар доранд.

 Бинои нав, ҳамчунин дорои ошхона ва дигар утоқу толорҳои ёрирасон  мебошад.

 Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба асосиатсияи илмию истеҳсолии корхонаи муштараки Тоҷикистон – Юнони воқеъ дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ҳолати парвариши пахтаи тухмӣ аз наздик шинос шуд.

 Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои пахтаи таҷрибавии тухмии навъи Неъмат, ки дар майдони 518 гектар кишт шудааст, шинос шуд.

 Тавре иттилоъ дода шуд, асосиатсияи илмию истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиев 7 хоҷагии деҳқониро бо ҳам муттаҳид намуда, дорои 1218 гектар замини корами обӣ мебошад. Имсол деҳқонон барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, номгуи васеъи зироатҳои кишоварзиро кишт намудаанд.

 Президенти мамлакат аснои боздид  аз майдони кишти зироати кишоварзӣ таъкид дошт, ки ҳар чи бештар аз шароити мавҷуда истифода намуда, сатҳи зиндагии саҳмдоронро баланд  бардоранд ва дар таъмини  фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи арзанда гузоранд.

 Дар асосиатсяи мазкур истифодаи ҳар як порча замин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, зеро аҳли заҳмат имсол дар майдони 115 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондаанд.

Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қайроққум омада, Маркази истироҳатии кўдаконаи Манижаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.