Дар Тоҷикистон коҳиши эътимоди мардум ба ҳукумат ба мушоҳида мерасад

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Бо ташаббуси «Маркази тарғиботи зиддифасод» ва Ассостсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон» (АМВАОМТ) таҳти уновни «Муроҷиати шахвандон ҳамчун воситаи иштирок дар корҳои давлатӣ» мизи мудаввар доир гардид. Ба гуфтаи раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, нодида гиритани муроҷиати шаҳрвандон ва монеъаҳои бюрократӣ зимни баррасии онҳо мардумро ба муроҷиат ба ВАО […]

Марат Мамадшоев

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Бо ташаббуси «Маркази тарғиботи зиддифасод» ва Ассостсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон» (АМВАОМТ) таҳти уновни «Муроҷиати шахвандон ҳамчун воситаи иштирок дар корҳои давлатӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Ба гуфтаи раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, нодида гиритани муроҷиати шаҳрвандон ва монеъаҳои бюрократӣ зимни баррасии онҳо мардумро ба муроҷиат ба ВАО маҷбур месозад.

«Аммо ВАО ба ивази мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ва мушкилоти мавҷударо низ ҳал карда наметавонанд, – таъкид сохт ӯ. – Рӯзноманигорон ҳукуматдоронро танҳо аз мавҷудияти мушкилот огоҳ месозанд, вале намояндагони ҳукумат на ҳамеша ба он таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд  ва аз ин рӯ, он шояд ба зуҳури коррупсия мусоидат намояд».

Як зумра аз иштирокчиёни мизи гирд изҳор карданд, ки дар Тоҷикистон тамоили коҳиши эътимоди мардум ба ҳукумат ба мушоҳида мерасад ва сабаби онро онҳо дар ношаффоф ва бесамар будани фаъолияти низоми ҳукуматдорӣ шарҳ медиҳанд.

Директори «Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон» Сергей Романов гуфт, қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ба таҳрир ниёз дорад, зеро он соли 1996 қабул гардида, ба асноди қонунгузории тайи солҳои ахир ба тасвибрасидаи кишвар мутобиқат надорад.

Ба ақидаи иштирокчиёни чорабинӣ, чун муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба инобат гирифта намешавад, онҳо аз ҳифзи саривақтии ҳуқуқии давлатӣ маҳрум мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат ба мавҷуд набудани механизми «робитаи мутақобила» дучор мегардад, ки ба роҳандозии сиёсати қобиди қабул монеъа эҷод месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.